Шӯрои уламо: Имоматӣ дар ҷаноза ба дӯши ходимони расмии дин вогузор аст

Дар робита ба баҳсҳо атрофи хондани намози ҷаноза Маркази исломии Тоҷикистон як фатвои дахлдор содир кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ, бо назардошти он ки баъзан дар масъалаи баргузории намози ҷаноза ва имоматӣ дар он баҳсу мунозираҳо рух медиҳанд ва чунин […]

ASIA-Plus



Дар робита ба баҳсҳо атрофи хондани намози ҷаноза Маркази исломии Тоҷикистон як фатвои дахлдор содир кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ, бо назардошти он ки баъзан дар масъалаи баргузории намози ҷаноза ва имоматӣ дар он баҳсу мунозираҳо рух медиҳанд ва чунин ҳолатҳо боиси коста гардидани обрӯи ходимони дини мубини Ислом гаштаву ба сар задани ихтилофҳо миёни шаҳрвандон оварда мерасонанд, Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон ба хотири ба тартиб овардани намози ҷаноза ва имоматӣ дар он бо такя ба сарчашмаҳои муътамади мазҳабӣ қарор қабул намуд.

Тибқи он, имоматӣ дар ҷаноза дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имомон, имомхатибон, сархатибон ва Раиси Шӯрои уламо вобаста ба сатҳи ҳузур ва мақоми ишғолкардаашон вогузор карда мешавад.

Дар замимаи ин қарор бо такя ба сарчашмаҳои муътамади мазҳаби ҳанафӣ доир ба тартиби имомат дар намози ҷаноза чунин зикр шудааст:

“Барои гузаронидани намози ҷаноза султон, сипас қозӣ, баъд аз он имоми маҳалла, баъд аз он валии майин сазовортар аст”. (“Мухтасар-ул виқоя”); “Беҳтарин мардум барои имом шудан дар ҷанозаи майит султон аст, агар ҳозир бошад. Агар ҳозир набошад, мустаҳаб аст, ки имоми қаря, баъд аз он валии майит тақдим карда шавад”. (“Мухтасар-ул-Қудурӣ”); .

Дар “Фатвои кубро” омадааст: Шахсе пеш аз вафот васият кунад, ки бар ӯ фалон кас намози ҷаноза гузорад, васият ботил (бекор) мебошад. Фатво бар ҳамин аст”. («Фатвои ҳиндӣ”)

Насиҳати Имоми Аъзам (р.ҳ) ба шогирдаш Абӯюсуф Яъқуб ибни Иброҳим:

“Хондани хутбаҳои никоҳ ва баргузории намози ҷаноза ва идайнро ба хатиби ноҳия ва минтақаи худ вогузор кун!” (Ашботу ва назоир).

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.