Афзоиши ҳолатҳои нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳо дар моҳи январ



Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар моҳи январи соли 2014 бинобар риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 57 маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати ҶТ,  ҳама ин мавод ба мақомоти судӣ ирсол гардидааст, ки ин рақам нисбат ба моҳи январи соли гузошта 29 ҳолат зиёд аст.

Ба иттилои ин манбаъ, аз ин нишондиҳанда дар вилояти Суғд – 22, вилояти Хатлон – 12, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 16 ва шаҳри Душанбе -6 ҳолати риоя нагрдидани талаботи қонуни мазкур ба қайд гирифта шудааст.

«Аз тарафи Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дар моҳи январи соли равон 11 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд. Аз инҳо 3 нафар масъули тарабхона, 2 нафар муваққатан бекор, 2 донишҷӯ, 1 сароянда, 1 раиси маҳалла, 1 муҳосиб ва 1 муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд», – гуфта мешавад дар маълумоти Кумита.

spot_imgspot_img

Популярное