– Шаҳрванди Тоҷикистон Адим Шаҳбозбеков, ки ба гумони даст доштан ба дуздии iPhone муддати расо як сол дар яке аз тавқифгоҳҳои муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Маскав қарор дошт, таҳти баёноти тарк накардани маҳалли иқомат озод карда шуд, – хабар доданд ба ОИ «Азия-Плюс» наздикони Шаҳбозбеков.
Интизорӣ меравад, ки рӯзҳои наздик мутобиқи моддаи 162, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (Ғоратгарӣ) мурофиаи судӣ оид ба парвандаи Адим Шаҳбозбеков доир мегардад.
Дар ҳамин ҳол, хешовандону наздикони Адим умедворанд, ки ниҳоят адолат барқарор шуда, ӯ пурра бегуноҳ эътироф мегардад ва дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН), ки то боздошт дар он таҳсил дошт, барқарор карда мешавад.
Айни замон аз ҷониби ҳимоя даъвои муқобили даъво оид ба ғайриқонунӣ дар ҳабс нигоҳ доштани Адим Шаҳбозбеков бидуни асос муддати 1 сол омода мегардад.
Ахири соли 2012 Адим аз рӯи эълони дар шабакаи Интернет нашршуда iPhone-и нав харида, вале рӯзи 13-уми феврал бинобар сабаби муроҷиати дуздида шудани ин телефон ӯро
боздошт мекунанд.
Ҳимоягари ӯ Татяна Кирпиченко он замон изҳор карда буд, ки ин телефон шоми 31-уми декабр рабуда шуда, ин вақт Адим дар хобгоҳ қарор доштааст, ки онро сабти наворҳои камераҳои видеоӣ ва ҳамсояи ҳуҷраи хобгоҳи ӯ – як донишҷӯи Чин низ тасдиқ мекунанд. «Адимро танҳо бо он гунаҳкор мекунанд, ки телефони дуздида дар дасти ӯст», – гуфта буд адвокат.
Ҳимоятгар зикр карда буд, ки духтари ҷабрдида аз ҷониби Адим рабуда шудани телефонро тасдиқ намуда, вале дар рӯбарӯкунии аввал ӯ Адимро гунаҳкор надониста будааст. Баъди гуфтугӯ бо муфаттиш ӯ баёноти худро иваз намудааст.



