Рӯзи шанбеи ҳафтаи равон, 8-уми март бозори «Самарқандак» дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, дубора ба фаъолият оғоз мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар ин бозор соҳибкорони тоҷику қирғиз фаъолият дошта, пас аз имрӯз боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти он аз нав барқарор мешавад.
Ёдрас мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кишвари ҳамсоя якҷониба гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро баст. Мутаносибан дастрасии соҳибкорони тоҷик ба ин бозор қатъ гардида, соҳибкорони қирғиз ба мушкили ба кӣ фурӯхтани чорво ва хушкмеваашон дучор шуданд.
Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, баста шудани бозор ба коҳиши босуръати нархи чорво ва хушкмеваи қирғизҳо ва ҳамзамон болоравии босуръати маҳсулоти ғизойӣ, пеш аз ҳама орд ва дигар маводи ғизойӣ, ки онҳоро дар бозор соҳибкорони тоҷик таъмин мекарданд, оварда расонид.
Қобили зикр аст, ки бозори наздимарзии «Самарқандак»зиёда аз даҳ сол қабл ифтитоҳ гардида, дар он бо асъори миллии Тоҷикистону Қирғизистон хариду фурӯш сурат мегирифт.



