Раиси ААТ: Барои фаъолияти муътадили видеокамераҳо дар роҳҳо вақт лозим аст

Пайрав Чоршанбиев



Раиси Ассостсиатсияи автомобилистони Тоҷикистон (ААТ) Сафаралӣ Гулов бар ин назар аст, ки лоиҳаи «Шаҳри бехатар» иқдоми хуб буда, вале барои фаъолияти муътадили низоми мушоҳидаи видеойӣ дар роҳҳои Душанбе ҳоло каме вақт зарур аст, зеро ин лоиҳа як навгонӣ ва зимни ҷорӣ шудани он хоҳ нохоҳ ба баъзе камбудиҳо дучор хоҳӣ шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми ҷорӣ шудани ин низом ба қонуншиканиҳое, ки вазъи садамавиро ба вуҷуд меоваранд, мебояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. «Эътироф бояд намуд, ки дар бисёр ҷойҳо мавҷуд набудани хатҳо дар роҳ имкон намедиҳад, ки ба қонуншиканӣ роҳ додан ё надодани ронанда муайян карда шавад. Дар аксари ҷойҳо хатҳои нигоҳ доштани нақлиёт ва ғайра дақиқан дарҷ наёфтаанд», – иброз дошт вай.

Ғайр аз ин, Гулов бар ин назар аст, ки зимни таъини ҷарима барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ бояд ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат дар кишвар ба назар гирифта шавад. «Дар сурати 200 сомонӣ будани ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат, ҷарима бастан ба 40 сомонӣ барои қонуншикании ночиз беҳад зиёд аст», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар доираи амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар роҳҳои мошингарди қисмати марказии шаҳри Душанбе тақрибан 850 адад видеокамераҳо насб шудаанд. Аз анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳа моҳи майи ҳамин сол интизорӣ рафта, пурра бо видеокамераҳо таъмин намудани роҳҳои мошингарди Душанбе дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳа дар назар аст.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...