Тоҷикистон дар Олмон муаррифӣ мешавад

ASIA-Plus



Дар  пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон – шаҳри Берлин чилуҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin-2014, 5 марти соли равон расман ба кор оғоз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Самариддин Асоев, сармуҳаррири рӯзномаи Ҷавонони Тоҷикистон, иштирокчии ин чорабинӣ аз Берлин хабар дод, дар ин намошгоҳ намояндагони беш аз 188 кишвар ҳузур доранд.

 «Ин  ҳамоиши калонтарини туристии олам то 10 марти соли ҷорӣ идома меёбад ва Тоҷикистонро дар он масъулини соҳа ва намояндагони як қатор ширкатҳои сайёҳӣ бо роҳбарии Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муаррифӣ менамоянд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли ӯ, намоишгоҳи байналмилалии туристии ITB Berlin як навъ макони асосии ба фурӯш баровардани маҳсулоти туристии давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии туристии назди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб рафта, намояндагони кишвари мо дар он соли ҳафтум аст, ки ширкат менамоянд.

«Дар доираи баргузории намоишгоҳ мулоқоти вазирони туризми мамлакатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии туристӣ баргузор гардида, Конгресси калонтарини сайёҳӣ дар ҷаҳон, ки аз соли 2004 якҷо бо ITB Berlin роҳандозӣ мешавад, барпо мегардад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...