Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар Душанбе таҳти унвони «Риояи ҳуқуқи муҳоҷирзанони корӣ ва аъзои оилаи муҳоҷирони корӣ: уҳдадориҳои ҶТ дар доираи Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои поймолкунии ҳуқуқ нисбати занон» мизи гирд доир мегардад. Макони баргузорӣ: хиёб. Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2-юм, толри конфрноси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ. Оғоз соати 09-30; – Бозиҳои даври […]

ASIA-Plus



Анонс


– Дар Душанбе таҳти унвони «Риояи ҳуқуқи муҳоҷирзанони корӣ ва аъзои оилаи муҳоҷирони корӣ: уҳдадориҳои ҶТ дар доираи Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои поймолкунии ҳуқуқ нисбати занон» мизи гирд доир мегардад. Макони баргузорӣ: хиёб. Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2-юм, толри конфрноси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ. Оғоз соати 09-30;

– Бозиҳои даври дуюми марҳимлаи финалии Ҷоми ФФТ дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. «Энергетик» – «Хуҷанд» (оғоз соати 12-00) ва «Истиқлол» – «Панҷшер» (оғоз соати 15-00);

– Рӯзҳои 13-19-уми март дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба дзюдо дар мусобиқоти Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон дар Анталия (Туркия) ширкат меварзад. Ҳайат аз 8 варзишгар ва 4 мураббӣ аз Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ иборат аст;

– Дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои ҶТ маросими ифтитоҳи Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯён барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8014

сомонӣ;


1

евро

– 6.5565

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.133


1



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих




2007 —

Ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоии Урумчӣ – Хуҷанд – Урумчӣ.


2010 —

Дар Душанбе намояндагии Донишкадаи фарҳанги ЭКО боз шуд.


1912

– Зодрӯзи нависанда Разиюлло Абдуллозода.


1930

– Мавлуди дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ҷумъа Одинаев.


1935

– Зодрӯзи драматург Султон Сафаров.


1937

– Мавлуди журналист Қаландаршо Додарҷонов.


1938

– Зодрӯзи адабиётшинос Ансор Афсаҳов.


1939

– Мавлуди доктори улуми фалсафа Давлатхоҷа Назиров.


1943

– Зодрӯзи коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Давлат Худоназаров.


1946

– Мавлуди оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Толиб Шаҳидӣ.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона -1-4, рӯзона +10+15.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +4+9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда,  бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+5, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +2+7.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона 0-3, рӯзона +4+9;  дар шарқи вилоят шабона -15-20, рӯзона -1-4.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

 Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +18+20.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.   


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +7+9.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.