Давоми 14 рӯз ММТ беш аз 8 ҳазор довталабонро ба қайд гирифт

Шурӯъ аз 1-уми марти соли ҷорӣ дар 20 нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти Тоҷикистон дар саросари кишвар марҳалаи сабтиномшавии довталабон оғоз гардида, давоми 14 рӯз аллакай зиёда аз 8 ҳазор нафар довталабон аз қайд гузаштаанд, ки аз ин теъдод 40 дарсадро духтарон ва 60 дарсадро писарон ташкил медиҳанд. Бино ба маълумоти маркази […]

ASIA-Plus



Шурӯъ аз 1-уми марти соли ҷорӣ дар 20 нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти Тоҷикистон дар саросари кишвар марҳалаи сабтиномшавии довталабон оғоз гардида, давоми 14 рӯз аллакай зиёда аз 8 ҳазор нафар довталабон аз қайд гузаштаанд, ки аз ин теъдод 40 дарсадро духтарон ва 60 дарсадро писарон ташкил медиҳанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ММТ, аз ҷониби довталабон кластерҳои V ва II бештар интихоб шудаанд.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии ММТ (

www.ntc.tj

) , ба санаи 12-уми марти соли ҷорӣ дар саросари кишвар 8310 довталабон сабтином шудаанд, ки шумори онҳо дар ВМКБ – 329, шаҳри Душанбе – 434, навоҳии тобеи марказ – 946, вилояти Суғд – 1698 ва вилояти Хатлон – 4903 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ихтисосҳо аз рӯи самти таҳсил дар ММТ ба 5 кластер – «Илмҳои техникӣ ва табиӣ», «Иқтисодӣ ва география», «Филология, педагогика ва санъат», «Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ» ва «Тиббӣ, биологӣ ва варзиш» тақсимбандӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки бақайдгирии довталабон то 15-уми апрел идома меёбад. Ахири моҳи феврал дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон арзиши хизматрасонии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)

150 сомонӣ муайян шуд.

Баъдан ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ

қарор қабул кард,

ки мутобиқи он, довталабоне, ки падару модарашон вафот кардаанд, пурра аз пардохти маблағ озод шуда, довталабоне, ки ё падар ё модарашон вафот кардаанд, танҳо 50% аз маблағи муқарраршударо мепардозанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.