Дар ду моҳ ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ 740 млн. $-ро ташкил дод



Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли равон 740 млн. доллари ИМА -ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 6% ё худ 46 млн. доллари ИМА камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодилибеш аз 470 млн. доллари ИМА шудааст. Моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 71 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 61 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар зарфи ду моҳи аввали ҳамин сол ҳаҷми содироти мол беш аз 134 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ду моҳи аввали соли гузашта ба миқдори 45% камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 605 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11% зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар моҳи январи соли 2014 Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он зиёда аз 200 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – ҳудуди 144 млн. $, Чин – 65 млн. $ ва Туркия – тақрибан 64,8 млн. $-ро ташкил додааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 ҳудуди 5 млрд. 285 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 2,9% ё худ 146,7 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

spot_imgspot_img

Популярное