Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков лоиҳаи тағийроту илова ба қонун «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ»-ро таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод карданд.
Вакил Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки мутобиқи тағйироту иловаи пешниҳодшуда гаравпулии интихоботӣ барои вакилони палатаи поёнии парлумон бояд умуман бекор карда шавад.
«Бекор шудани маблағи гаравпулии интихоботӣ ба намояндагони илм, касбҳои эҷодӣ имкон медиҳад, ки номзадиашонро ба вакилӣ пешбарӣ кунанд», – гуфт Талбаков.
Ба қавли ӯ, ғайр аз ин, вакилони Ҳизби коммунист дар парлумон пешниҳод доранд, ки 49%-и вакилони палатаи поёнии парлумон аз рӯйи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ва 51% аз рӯйи ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб карда шаванд.
«Пешниҳоди аз ҳама муҳимтари мо дар он ифода меёбад, ки ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар шомил гардонида шаванд, зеро тақдири интихобот бидуни шакку шубҳа дар ҳамин комисияҳо ҳал мешавад», – таъкид кард Талбаков.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки лоиҳаи тағйироту иловаи аз ҷониби онҳо пешниҳодшуда имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасӣ шуда, ҷиҳати омӯзиш ба кумитаву комиссияҳои дахлдор ва ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол шудааст.



