Суғд: Мусодираи маводи нашъаовар дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз



Рӯзи 25-уми март кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 34-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуданд, ки аз ӯ як адад брикети чоркунҷаи рангаш ҷигарӣ бо бӯи махсус мусодира карда шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, брикетро таъҷилан барои ташхиси кимиёвӣ равон намуданд. Мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи мусодира шуда воситаи нашъадори “ҳашиш” мебошад.

Чӣ тавре, ки тафтиши пешакӣ нишон дод, боздоштшуда аллакай ду маротиба барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда будааст. Таҳлил нишон медиҳад, ки вақтҳои охир мунтазам барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шахсоне дастгир мешаванд, ки пештар барои ҷиноятҳои шабеҳ суд шудаанд. Ҷазо барои ҷиноятҳои мазкур ба онҳо дарси ибрат намешавад. Дер ё зуд онҳо боз ба “раҳи каҷ” бармегарданд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Боздоштшуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуд.

Айни ҳол чораҳои зарурӣ барои муайян ва боздошт намудани ҳамаи шахсоне, ки ба ҷинояти мазкур даст задаанд, андешида шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное