Кабирӣ: Интихоботи парлумонӣ барои мо душвор мегузарад

Интихоботи парлумоние, ки бояд соли 2015 сурат гирад, барои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд хоҳад гузашт, чун рақибони сиёсӣ барои заъифгардонии ҳизби мазкур аз ҳоло чораҳо меандешанд. Ин ақидаро дар сӯхбар бо Хабаргузории «Азия-Плюс» раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт.   «Дар кишварҳои мутамаддин ҳокимият бо барномаҳои анҷомшудааш ва хидматҳои кардааш ба миллат […]

Мавзуна Абдуллоева


Интихоботи парлумоние, ки бояд соли 2015 сурат гирад, барои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд хоҳад гузашт, чун рақибони сиёсӣ барои заъифгардонии ҳизби мазкур аз ҳоло чораҳо меандешанд. Ин ақидаро дар сӯхбар бо Хабаргузории «Азия-Плюс» раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт.


 


«Дар кишварҳои мутамаддин ҳокимият бо барномаҳои анҷомшудааш ва хидматҳои кардааш ба миллат ба интихобот меравад ва интихобкунандаро бовар мекунонад, ки ба ӯ раъй диҳанд. Аммо, дар кишварҳои қафомонда вазъ дигар аст. Хусусан вақте ҳукуматҳо чунин дастовард надоранд, дар интихобот тактикаи дигарро пеш мегиранд – заъиф кардани рақибон. Имрӯз мебинем ки айнан ҳамин ҳолат дар мо рух дода истодааст. Ба ҷойи шиори мусбати «мо аз онҳо беҳтарем» онҳо мантиқи манфиро пеш гирифтаанд – «онҳо аз мо бадтаранд». Бинобар ин, интихоботи оянда барои ҳамаи ҳизбҳои оппозитсионӣ душвор хохад буд. Пеш аз ҳама барои мо. Алакай моро мавриди ҳадаф қарор додаанд ва дигар мо танҳо як хизби рақиб надорем, тамоми дастгоҳи давлатӣ, ҳатто мақомоти қудратӣ ҳам вориди рақобати сиесӣ шудаанд, ки ин вазъияти солим нест. Онҳо набояд вориди рақобат аз тарафи кадом хизби сиесӣ шаванд», – гуфт Кабирӣ..


«Дар интихоботи порлумонии дар пешистода ҳизби мо ширкати фаъол хоҳад дошт ва ҳатман натиҷаи  хуберо нисбат ба солҳои қалбӣ ба даст хоҳад овард. Мо  алакай ситоди худро  барои интихоботи порлумонӣ ташкил кардем, ки раҳбарии онро Маҳмадалӣ Ҳайит – муовини раҳбари ҲНИТ ба уҳда дорад», – гуфт Кабрӣ.


Дар робита ба ин, ӯ ёдрас кард, ки барои баргузории интихоботи демократӣ, шафоф ва озод дар Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи порлумонӣ»-ро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудааст. Ин лоиҳа мавриди омӯзишу баррасӣ дар порлумон  қарор дорад.


«Дар лоиҳаи пешниҳогардида 4 мавзӯъ пешниҳод шуд, ки дар сурати амалигардонии онҳо интихобот шафоф хоҳад гузашт. Мувофиқи ин лоиҳа, муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуқуқи овоздиҳиро аз кишварҳои дигар доранд. Чунки теъдоди умумии муҳоҷирони меҳнатиии тоҷик имрӯз 1500 миллион-ро ташкил мекунад, ки ин шумора 30% интихобкунандагонро ташкил мекунад. Шумораи умумиии интихобкунандагон ба 4 миллиону 22 ҳазор мерасад. Чун даромад аз интиқоли ақбал аслан аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ мешавад, онҳо ҳаққи овоздиҳиро бояд дошта бошанд. То имрӯз муҳоҷирони меҳнати аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ маҳруманд», -гуфт Кабирӣ.


Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳа ҳамчунон пешниҳод гардидааст, ки гаравпулӣ аз 4 ҳазор сомонӣ ба 800 сомонӣ фароварда шавад ва дар сурати гирифтани 10 дарсад овози интихобкунандагон маблағи гарав ба номзад бозпас гардонда шавад. Ба ҷуз ин, бояд намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ  дар қитъаҳои интихоботӣ узви комисияи интихоботӣ бошанд. Ҳамчунин протоколҳо на бо қалам, балки бо ручка пур карда шавад.




Дар ҳамин маврид раҳбари ситоди интихоботии ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит гуфт, аллакай Барномаи фаъолияити интихоботи порлумонии соли 2015 таҳия шуда, дар асоси ин интихоби номзадҳои эҳтимолӣ ба аъзогии ситодҳои  шаҳрӣ, маҳаллӣ  ва вилоятӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Аз рӯйи барномаи мазкур дар  62 шаҳру ноҳия ситодҳои маҳаллӣ ва дар  6 шӯъба ситодҳои  вилоятӣ ташкил карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.