«Пусть говорят»: Боз тоҷикон дар маркази таваҷҷуҳ

Дар барномаи «Пусть говорят»-и шабакаи аввали телевизиони Русия дар бораи муҳоҷири кории тоҷик Қиёмиддин Юнусов, ки 12 сол пеш бо Олга Хрипченко аз шаҳри Кемерово оила барпо кардааст, навореро намоиш доданд. «Барои шахси дӯстдоштааш ин зан исломро қабул мекунад. 4 сол қабл Қиёмиддин зани руси худро партофта, бо роҳи фиреб писарашон Иляро бо худ ба […]

ASIA-Plus



Дар барномаи «Пусть говорят»-и шабакаи аввали телевизиони Русия дар бораи муҳоҷири кории тоҷик Қиёмиддин Юнусов, ки 12 сол пеш бо Олга Хрипченко аз шаҳри Кемерово оила барпо кардааст, навореро намоиш доданд.

«Барои шахси дӯстдоштааш ин зан исломро қабул мекунад. 4 сол қабл Қиёмиддин зани руси худро партофта, бо роҳи фиреб писарашон Иляро бо худ ба Тоҷикистон мебарад», – оғоз мекунад шореҳи барнома Андрей Малахов.

Ба гуфтаи ӯ, баъди чанде Қиёмиддин бо духтари тоҷик издивоҷ карда, дар Тоҷикистон номи Иляро ба Мусофир иваз мекунад ва акнун ӯ на Олга Хрипченко, балки моиндараш Гулзираро модар ном мебарад.

Зимни ибрози андешаҳои пурҷӯшу хурӯш дар ин бора Андрей Малахов зикр мекунад, ки тибқи маълумоти расмӣ, соли 2012 тоҷикон бо русҳо 12 ҳазор тӯйи арӯсӣ барпо кардаанд. Меҳмонони барнома тасдиқ мекунанд, ки тоҷикон русҳоро истифода карда, сипас онҳоро мепартоянд ва аз ин рӯ, таҷриба гувоҳи он аст, ки ҳодисаҳои ҷудошавӣ кам намешаванд.

«Тибқи маълумоти омории Созмони байнулмилалии муҳоҷират, ҳар тоҷики сеюме, ки барои кор ба Русия меравад, дигар ҳеҷ гоҳ ба хонааш барнамегардад. 90%-и тоҷикон дар Маскав ва вилоят, 5% дар Питер ва боқимонда дар Поволже ва Шарқи Дур маскун мешаванд. Ва имрӯз аз рӯи шумори занҳои партофта Тоҷикистон дар мақоми аввал дар ҷаҳон аст, ҳатто аз Мексика ҳам пеш гузаштааст», – маълумот медиҳад Малахов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.