Ифтитоҳи маркази ташхиси бемориҳо дар Ворух

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар ҷамоати дехоти Ворухи шаҳри Исфара маркази ташхиси бемориҳои «Шифо» мавриди истифода қарор гирифт. Роҳбари марказ Исфандиёр Нодиров дар ин робита изҳор намуд, ки муассиса аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, бо техникаи муосири ташхис ва муолиҷа муҷаҳҳаз аст ва танҳо барои дастрас кардани ин таҷҳизот беш аз 200 ҳазор сомонӣ […]

Саҳбон Қурбонов



Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар ҷамоати дехоти Ворухи шаҳри Исфара маркази ташхиси бемориҳои «Шифо» мавриди истифода қарор гирифт.

Роҳбари марказ Исфандиёр Нодиров дар ин робита изҳор намуд, ки муассиса аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, бо техникаи муосири ташхис ва муолиҷа муҷаҳҳаз аст ва танҳо барои дастрас кардани ин таҷҳизот беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, акнун сокинони Ворух бидуни сафар ба маркази шаҳр метавонанд аз ин технологияҳои муосири ташхис ҳамаҷониба истифода кунанд. «Дар марҳилаи аввали фаъолият 6 нафар кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор дар ин марказ таъмин хоҳанд шуд», – иброз дошт Нодиров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.