Филиппин барои шаҳрвандони Тоҷикистон реҷаи бидуни раводид ҷорӣ кард



Вазорати корҳои хориҷии Филиппин рӯзи 15-уми апрел эълом дошт, ки барои шаҳрвандони 7 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон имтиёзоти марбут ба раводидро ҷорӣ мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расии ВКХ Филиппин, шаҳрвандони Белиз, Хорватия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон метавонанд то 30 рӯз бидуни раводид дар Филиппин қарор дошта бошанд.

«Ин имтиёз ба рушди сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ аз ин кишварҳо мусоидат мекунад, – шарҳ медиҳад ин тасмиимро ВКХ Филиппин. – Сол то сол миёни Филиппин ва ин кишварҳо муносибатҳои дуҷониба густариш меёбанд».

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки давлати Филиппин якҷониба барои шаҳрвандони Тоҷикистон имтиёз пешниҳод намудааст ва дар навбати худ, барои сафар ба Тоҷикистон шаҳрвандони Филипин бояд раводид дастрас намоянд.

«Ин кишвар ба рӯйхати давлатҳои хориҷие шомил аст, ки шаҳрвандони он ба дастрас кардани раводиди Тоҷикистон бо тартиби соддашуда ҳуқуқ доранд. Ба ин рӯйхат 80 давлат, аз ҷумла Туркманистон, Ӯзбекистон (категорияи муайяни шаҳрвандон), Туркия, Тайиланд, Полша, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳо дохиланд», – гуфтанд дар ВКХ Тоҷикистон.

spot_imgspot_img

Популярное