Бонки «Новикомбанк»-и Русия ба ҶДММ «Санги дарё»-и Тоҷикистон ҷиҳати таҳвили битум аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 390 ҳазор рубли русӣ қарз дод.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии «Новикомбонк», таҳвили битум барои роҳ ба Тоҷикистонро ООО «Энергоойл» таҳти таъмини суғуртавии Агентии суғуртаи қарзҳои содиротӣ ва сармоягузории Русия (ЭКСАР) маблағгузорӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, амалисозии муомилоти мазкур бо истифода аз механизмҳои муосири дастгирии молиявии содироти маҳсулоти саноатии Русия, ки аз ҷониби ЭКСАР сурат мегирад, ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо мусоидат намуда, ба пурсамар гардидани низоми комплексии маблағгузорӣ ва дастгирии содироти ватанӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Новикомбанк» соли 1993 таъсис дода шуда, 17,6%-и сармояи оинномавии он ба Корпоратсияи давлатии «Ростех» мансуб аст.
Агентии суғуртаи қарзҳои содиротӣ ва сармоягузории Русия (ЭКСАР) соли 2011 дар шакли Ҷамъияти саҳҳомии кушода таъсис ёфта, саҳҳоми ягонаи он «Внешэкономбанк»-и Русия мебошад. Ҳаҷми сармояи оинномавии Агентии мазкур 30 млрд. рубли русиро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Санги дарё» моҳи апрели соли 2010 таъсис дода шудааст.



