Ҷаримабандии омӯзгор барои ба дарсҳо ҳозир нашудани толибилмон



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барои ба дарсҳо ҳозир нашудани хонандагон омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №62-ро ба маблағи 60 сомонӣ ҷарима кард.

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ғайрат Сангинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки омӯзгори ин мактаб Маҳбуба Низомова меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон»-ро риоя накарда, мутобиқи моддаи 12-и қонуни мазкур, зимни аз ҷониби волидайни хонандагон риоя нашудани қоидаву тартибот ва меъёрҳои оинномаи муассисаи таълимӣ ва назорати риояи он аз ҷониби фарзандони онҳо, ӯ мебоист ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекард.

«Маҳбуба Низомова, роҳбари сифни 7-ум, ки дар он толибилмон М.Холзода, Ш.Бобоева ва У.Миров таҳсил мекунанду дар давраи аз 1 уми сентябр то 30-юми декабри соли 2013 ҳар кадоме дар алоҳидагӣ аз 65 то 108 соат бидуни сабаби узрнок дар дарсҳо (дар маҷмӯъ дар 353 соати дарсӣ) ҳузур надоштаанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин бора муроҷиат накард», – гуфт Сангинов.

Ӯ зикр кард, ки суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо дастрасии моддаи 90-и Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ Маҳбуба Низомоваро дар ҳаҷми 1,5 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 60 сомонӣ ҷаримабандӣ кард.

spot_imgspot_img

Популярное