Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов бо гурӯҳи коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари гурӯҳ Димитар Радев дидору гуфтушунид кард.
Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои баргузор кардани арзёбии ислоҳоти ҷорӣ ва пешравии бадастомада дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ва ҳамчунин минбаъд амалисозии лоиҳаву барномаҳои пешбинишударо баррасӣ карданд.
Роҳбари гурӯҳи коршиносони ХБА доир ба ҳадаф ва вазифаҳои гурӯҳ ибрози андеша намуда, таклифу тавсияҳои худро пешниҳод кардааст.
«Ҳамзамон гурӯҳ ният дорад, ки самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Тоҷикистонро бо раёсатҳои дахлдори Вазорати молияи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳад», – гуфта мешавад дар иттилои Вазорати молия.
Ба иттилои манбаъ, зимни гуфтушунид вазири молияи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки давоми ҳамкорӣ бо ХБА, бахусус дар масъалаи роҳандозии ислоҳот дар бахшҳои молияи Тоҷикистон, пешравиҳои зиёде ба даст омадаанд.
Ҳамчунин А.Қурбонов изҳори итминон кардааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманд бо Хазинаи байнулмилалии асъор густариш хоҳанд ёфт.



