Аз нигоҳи иқтисодӣ обҳисобкунакҳо пурсамаранд?

Дар шаҳри Душанбе насби дастгоҳҳои обҳисобкунӣ оғоз гардид. Моҳи марти соли равон КВД «Обу корези Душанбе» ва мақомоти шаҳрдории пойтахт амалисозии лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии ш.Душанбе»-ро оғоз намуда, акнун ба тамоми истеъмолгарони минтақаҳое, ки обашон аз ҳисоби сарчашмаҳои зеризаминии истгоҳҳои Ҷанбу-Ғарбӣ ва Кофарниҳон таъмин мешавад, дастгоҳи обҳисобкунӣ гузошта мешавад. Ба андешаи мудири лоиҳаи «Обтаъминкунии ш. Душанбе» […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Душанбе насби дастгоҳҳои обҳисобкунӣ оғоз гардид.

Моҳи марти соли равон КВД «Обу корези Душанбе» ва мақомоти шаҳрдории пойтахт амалисозии лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии ш.Душанбе»-ро оғоз намуда, акнун ба тамоми истеъмолгарони минтақаҳое, ки обашон аз ҳисоби сарчашмаҳои зеризаминии истгоҳҳои Ҷанбу-Ғарбӣ ва Кофарниҳон таъмин мешавад, дастгоҳи обҳисобкунӣ гузошта мешавад.

Ба андешаи мудири лоиҳаи «Обтаъминкунии ш. Душанбе» Зафар Нозимов, ин тадбир як навъ фишанги таъсир дар самти истифодаи оқилонаи сарчашмаи ҳаёт – об мебошад.

«Дар доираи амалисозии лоиҳаи дуюм фарогирии 40% қаламрави пойтахт дар назар буда, дар ҳар як хона ҳисобкунакҳои об насб мешаванд, то ки мардум сари арзиши об ба андеша раванду аз масрафи беҳудаи он худдорӣ кунанд», – мегӯяд Нозимов.

Ба қавли вай, имрӯз дар пойтахт дар як шабонарӯз 1 млн. метри мукааб об масраф мешавад, аммо мутахаасисон бар ин назаранд, ки баъди насби обҳисобкунакҳо тамоили хароҷоти беҳуда ва муносибати беэҳтиётона ба об тағйир ёфта, ин нишондиҳанда ба 500 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз, яъне ду маротиба коҳиш меёбад.

«Дар робита ба обёрии дарахтону заминҳои обчакории назди хонаҳо, ки аз қубурҳои таҳхонаи манзилҳо обёрӣ мешаванд, ин кор бо розигии истиқоматкунандагон сурат хоҳад гирифт, зеро обёрии дарахтон ба уҳдаи низоми обёрии шаҳр вогузор шудааст», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки тарофаи истифодаи об аз рӯи обҳисобкунак 41 дирам барои 1 метри мукааб муқаррар шудааст. Имрӯз ҳаҷми пардохти маблағ барои истифодаи об дар як моҳ 4,5 сомонӣ сари ҳар як нафар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ