Сездаҳ медали Тоҷикистон дар рӯзи нахусти чемпионати Осиё оид ба таэквон-до ИТФ

Дастаи мунтахаби таэквондо ИТФ-и Тоҷикистон дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Катмандуи Непал соҳиби 13 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ) гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҶТ бо такя ба гуфтаҳои Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи таэквон-до ИТФ ва кикбоксинги Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки миёни наврасону ҷавонон […]

ASIA-Plus



Дастаи мунтахаби таэквондо ИТФ-и Тоҷикистон дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Катмандуи Непал соҳиби 13 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ) гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҶТ бо такя ба гуфтаҳои Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи таэквон-до ИТФ ва кикбоксинги Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки миёни наврасону ҷавонон ва бузургсолон рӯзи якшанбеи 20-уми апрел шурӯъ шуд, варзишгарони 20 кишвар ширкат дошта, шарафи Тоҷикистонро 43 варзишгар ҳимоя мекунанд.

М. Яҳёев гуфтааст, дар рӯзи аввали мусобиқа дар рақобатҳои инфиродӣ оид ба машқҳои маҷмӯӣ Алишер Аҳмадов байни бузургсолон ва Гулрӯ Ҳоҷиева миёни духтарон бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд . Инчунин мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати дастаӣ байни писарон ва миёни духтарон ду медали тилло гирифтааст. Мусобиқаи мазкур дар пойтахти Непал то рӯзи 23-юми апрел идома хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ин мусобиқа барои варзишгарони ҷавони тоҷик як навъ санҷишест пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ байни наврасон, ки аз 6-ум то 11-уми августи соли равон барои аввалин бор дар шаҳри Душанбе барпо мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ