Кумаки Ҷопон ба сохтмони мактаб дар ноҳияи Қӯҳистони Мастчоҳ

Рӯзи 18уми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки Ҷаббор Ризоев, муовини аввали раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ҷаноби Такааки Коматсу, котиби дуввуми сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон маросими муваффақона анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони мактаби миёнаи №9 дар ҷамоати «Лангар»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон ба маблағи умумӣ 113 ҳазору 841 […]

ASIA-Plus



Рӯзи 18уми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки Ҷаббор Ризоев, муовини аввали раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ҷаноби Такааки Коматсу, котиби дуввуми сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон маросими муваффақона анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони мактаби миёнаи №9 дар ҷамоати «Лангар»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон ба маблағи умумӣ 113 ҳазору 841 доллари ИМА дастгирӣ ёфта буд, баргузор шуд.

Дар иттилоияи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки пештар танҳо хонандагони синфҳои 4 то 9 дар бинои мактаб таҳсил мекарданд. Аз сабаби маҳдуд будани ҷойи хониш, талабаҳои дигар дар хонаи директори мактаб, ки ихтиёран хонаи худро пешниҳод намуд буд, таҳсил мекарданд. Шумораи зиёди хонандагон боиси хониш дар 3 баст гардид. Ин омил ба вуқуъ омадани мушкилотро дар вақти аз худ намудани барномаи хониш пеш овард. Ғайр аз ин, бо сабаби маҳдудияти ғунҷоиши бино ва шароити он, баъзе хонандагон, ҳамчунин хонандагони синфҳои 9 ва боло маҷбур буданд таҳсилро дар мактаби дигар, вокеъ дар масофаи якчанд соат аз макони зисташон, идома диҳанд.

Бинои навсохта метавонад зиёда аз 240 хонандаро аз деҳахои гирду атрофи ҷамоати «Лангар» бо ҷойгохии хониши васеъ ва равшан ва ҷавобгӯ ба талаботи барномаи омӯзиш таъмин намояд. Айни ҳол мактаб ҳамчунин метавонад кабули хонадагони синфҳои 10 ва 11-ро низ ба роҳ монад, ки бо шарофати он хонандагон имкон пайдо мекунанд дар деҳаи худ таҳсилро идома диҳанд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мактаби мазкур бо мебели нави хониш, ба монанди тахтаҳои синфӣ, ҷевонҳо ва мизу курсиҳо таъмин гардид.

Қобили зикр аст, ки кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 325 лоиҳаро ба маблағи умумии $25.5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ