Суд бозори «Саховат»-и Кабириро мусодира кард

Суди шаҳри Турсунзода даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро қонеъ сохта, бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзодаи мутааллиқ ба оилаи Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро мусодира кард. Имрӯз, 21-уми апрел суд дар ин хусус ҳалнома содир намуд. Бо қарори суд, иншооте, ки дар он бозори «Саховат» дар шаҳри Турсунзода воқеъ аст, ба Кумитаи ҷавонон варзиш […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди шаҳри Турсунзода даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро қонеъ сохта, бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзодаи мутааллиқ ба оилаи Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро мусодира кард. Имрӯз, 21-уми апрел суд дар ин хусус ҳалнома содир намуд.

Бо қарори суд, иншооте, ки дар он бозори «Саховат» дар шаҳри Турсунзода воқеъ аст, ба Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷт баргардонида мешавад.

Бино ба иттилои хабарнигори «Азия-Плюс» аз толори суд, суд тамоми дархостҳои ҷавобгарон ва нотариусро рад намуда, ҳамчунин онҳоро ба пардохти 36 сомонӣ ба нафъи давлат уҳдадор намуд. Ҳамчунин бо қарори суд давлат ба соҳибмулкони бозор ҳеҷ маблағе пардохт намекунад.

Ба савол дар бораи вазъи минбаъдаи бозор судя чунин посух дод: «Дар аризаи Агентии зиддифасод сухан на сари бозор, балки сари иншооте меравад, ки ғайриқонуни хусусӣ гардонида шудааст ва бояд дар ихтиёри Кумита қарор дошта бошад. Мо онро ба соҳибмулкони ҳақиқиаш баргардонидем».

Рӯзи ҷумъа ҷонибҳо сухани ниҳоии худро ироа дошта буданд. Дар сухани ниҳоии худ Муҳиддин Кабирӣ аз суд хоҳиш кард, ки дархости ӯ дар бораи изҳороташ бобати ангезаи сиёсӣ доштани парванда ба инобат гирифта шавад. Мазмуни дархосташро ӯ шарҳ надод.

«Ман қаблан ҳам ба судя гуфта будам, ки агар мурофиа мутобиқи қонунгузорӣ сурат гирад, ман дар он иштирок мекунам, вале агар чунин набошад, ҳузури ман маъное надорад. Судя ба ман ваъда дод, ки ҳамааш мунсифона ҳал мешавад ва ман умедворам, ки ҳамин тавр мешавад», – гуфт Кабирӣ ба журналистон.

Дар ҳамин ҳол, Солеҳҷон Носиров, намояндаи Агентии зиддифасод  аз суд талаб кард, ки ин иншооти варзишӣ, ки замоне тахриб гардидаву ба ивазаш бозор сохтаанд ба давлат баргардонида шавад. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки Агентӣ бояд ба раиси ҲНИТ 836 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кунад.

«Ин маблағ таҳқиромез аст, зеро ҳанӯз чанд сол қабл аз рӯи нарҳҳои ҳамонвақта зерҳимояҳои ман ин бозорро бо нархи 200 ҳазор доллари ИМА харидаанд», – изҳор кард дар ин робита Бузургмеҳр Ёров, адвокати оилаи Кабирӣ.

Агентии зиддифасод аз суд тақозо намуда буд, ки бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки муталлиқ ба оилаи Кабирӣ ва хешони ӯ аст, ғайриқонунӣ ва бо нақзи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда хусусӣ гардонида шудааст ва бояд ба ихтиёри давлат баргардонида шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 257 баробар афзуд

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.