Кумакпулии шаҳрдории Душанбе ба собиқадорони ҶБВ

Ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) мақомоти шаҳрдории Душанбе кумаки якдафъаина ҷудо мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, бо ин мақсад тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз буҷети шаҳр 714 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. «Ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, […]

Аваз Юлдошев



Ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) мақомоти шаҳрдории Душанбе кумаки якдафъаина ҷудо мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, бо ин мақсад тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз буҷети шаҳр 714 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

«Ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд ба ҳар кадоме ба андозаи 900 сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар давраи ҶБВ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 650  сомонӣ кумакпулии якдафъаина расонида мешавад», – гуфт ӯ.

Ба қавли Шавкат Саидов, мувофиқи ин қарор, муовинони раиси пойтахт вазифадор карда шуданд, ки кӯмаки якдафъаинаро на дертар аз 7-уми май ба шахсони дар боло зикршуда дар манзили зисташон супоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.