Миёни ғолибони ниммарафони Душанбе тоҷикон ҳузур надоранд

Дар ниммарафони байнулмилалии V-уми шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта баргузор шуд, варзишгари украинӣ Роман Романенко пирӯзӣ ба даст овард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шахрдории пойтахт хабар доданд, Романенко дар ниммарафон ба масофаи 22 км миёни мардон ғолиб омада, мақоми дуюмро дар ин мусобиқот Андрей Петров (Ӯзбекистон), […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар ниммарафони байнулмилалии V-уми шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта баргузор шуд, варзишгари украинӣ Роман Романенко пирӯзӣ ба даст овард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шахрдории пойтахт хабар доданд, Романенко дар ниммарафон ба масофаи 22 км миёни мардон ғолиб омада, мақоми дуюмро дар ин мусобиқот Андрей Петров (Ӯзбекистон), сеюмро – Юрий Чечун (Русия), чорумро – Андрей Бризгалов (Русия), панҷумро – Киберес Кембер Квимой (Кения) ва шашумро – Маина Самуэл Вайтака (Кения) касб карданд.

Ба иттилои манбаъ, миёни занон варзишгардухтари Ӯзбекистон Ситора Ҳамидова нахуст ба марра расида, зинаҳои минбаъдаро Юлия Чиженок (Русия), Екатерина Фатеева (Русия), Марина Хмелевская (Ӯзбекистон), Наталя Соловева (Русия) ва Мария Коробитская (Қирғизистон) ишғол намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки барои дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани ниммарафони байнулмилалӣ аз буҷети пойтахт беш аз 220 ҳазор сомонӣ  (зиёда аз 40 ҳазор $) маблағ ҷудо гардид. Ғолибони ниммарафон ҳам миёни мардону ҳам миёни занон бо 3,5 ҳазор $, соҳибони зинаи дуюм – 3 ҳазор $, сеюм – 2,5 ҳазор $, чорум – 2 ҳазор $, панҷум – 1,8 ҳазор ва шашум бо 1,5 ҳазор $ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.