Се муҳоҷири тоҷик ба ҷоизаи театрии «Золотая маска» соҳиб шуданд

Се нафар зодагони Тоҷикистон Покиза Қурбонасенова, Аҷам Чақобоев ва Абдулмамад Бекмамадов, муалифон ва иҷрокунандагони спектакли «Акин-опера», ки дар «Театре. DOS»-и Маскав ба саҳна гузошта шуд, ба ҷоизаи театрии «Золотая маска» (Ниқоби тиллоӣ)-и Русия соҳиб шуданд. Бино ба иттилои Tjk.rus4all.ru , маросими пуршукӯҳи ҷашнии 20-уми Ҷоизаи миллии театрӣ рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар толори Театри калони […]

ASIA-Plus



Се нафар зодагони Тоҷикистон Покиза Қурбонасенова, Аҷам Чақобоев ва Абдулмамад Бекмамадов, муалифон ва иҷрокунандагони спектакли «Акин-опера», ки дар «Театре. DOS»-и Маскав ба саҳна гузошта шуд, ба ҷоизаи театрии «Золотая маска» (Ниқоби тиллоӣ)-и Русия соҳиб шуданд.

Бино ба иттилои

Tjk.rus4all.ru

, маросими пуршукӯҳи ҷашнии 20-уми Ҷоизаи миллии театрӣ рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар толори Театри калони Маскав доир гардида, дар 34 номинатсия беш аз 170 нафар номинантҳо доваталабӣ доштанд.

Зимни тақдими ҷоиза ҳамроҳ бо Абдулмамад Бекмамадов муаллифи лоиҳа

Всеволод Лисовкий

низ ба саҳна баромада, хушнудии худро аз ҳозир шудани Бекмамадов ба ин маросим изҳор доштааст. «Аз се нафари даста танҳо ӯ ба маросим ҳозир шуда, боз дар ҷустуҷӯи кор аст, вале дар лоиҳаҳои мо низ иштирок хоҳад кард. Зимни гирифтани ҷоиза ӯ ба аҳли толор гуфтааст, ки агар дар Театри калон ягон кори таъмир бошад, моро даъват кунед, арзон корро иҷро мекунем», – гуфтааст Лисовкий ба интернет портали «Россия для всех».

Ба қавли Лисовкий, «Театр.DOC» ояндаи наздик дар мавзӯи муҳоҷират боз як спектаклро ба саҳна гузоштанист ва ин се муҳоҷири тоҷик низ ба он ҷалб карда мешаванд. «Мутаассифона, ду нафарашон (Покиза ва Аҷам) ба маросими ҷоизасупорӣ ба иллати ба кор машғул буданашон ҳозир шуда натавонистаанд», – иброз доштааст ӯ.

Нахустнамоиши

спектакли «Акин-опера»

16-уми сентябри соли 2012 дар «Театр. DOC»-и шаҳри Маскав баргузор шуд. Дар он се нафар муҳоҷирони тоҷик аз ВМКБ бо асбобҳои мусиқии миллӣ – тор, рубоб ва дойра ҳунарнамоӣ карда, дар бораи ҳаёти худ – сафар ба Русия, мушкилоти корёбӣ, ҳодисаҳои қаллобӣ ва муносибат бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо забони русӣ ҳикоят мекунанд. Дар панҷ танаффуси байни эпизодҳо онҳо бо забони тоҷикиву шуғнонӣ сурудҳои мардумӣ месароянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ