Роҳандозии ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону кишвари Олтой



Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо ҳайати соҳибкорони кишвари Олтойи Русия таҳти сарварии президенти Палатаи савдо ва саноати кишвари Олтой Борис Чесноков дидору гуфтушунид кард. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин ҳайати Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, раҳбари ҳайати меҳмонон изҳор намуд, ки соҳибкорону истеҳсолкунандагони кишвари Олтой ният доранд, ки бо маҳсулоти худ, аз ҷумла чӯбу тахта, таҷҳизоти энергетикӣ, маҳсулоти мошинсозӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва зироати ғалладонаашон ба бозори Тоҷикистон фаъолона роҳ ёбанд.

Зимни мулоқот Борис Чесноков қайд кард, ки ба Олтой аз Тоҷикистон сабзавоту меваи аз нигоҳи экологӣ тару тоза ва хушкмева интиқол дода мешавад ва изҳори умедворӣ намуд, ки робитаҳои тиҷоратии зимни ин сафар роҳандозишуда ба густариши боз ҳам бештари ҳамкориҳои дуҷониба имкони мусоид фароҳам месозанд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари ҳайати Олтой дидору гуфтушуниди онҳо бо намояндагони корхонаву ташкилотҳо, вохӯриҳои корӣ дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва боздид аз корхонаҳои Тоҷикистон дар назар аст.

spot_imgspot_img

Популярное