Қатли як соҳибкори тоҷик дар шаҳри Маскав

 Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта соҳибкори маъруфи тоҷик Шуҳрат Яхшимуродов дар шаҳри Маскав кушта шуд. Бино ба маълумоти хабаргузории TopNews24 бо такя ба наздикону шиносҳои марҳум, соҳибкорро дар назди хонааш парронидаанд. Дар бораи ҷузъиёти куштор маълумот дода намешавад. Хотиррасон мешавад, ки соли 1995 Яхшимуродовро ба куштори ду намояндаи маъруфи олами ҷиноӣ (авторитетҳо) дар Маскав муттаҳам карда […]

ASIA-Plus



 Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта соҳибкори маъруфи тоҷик Шуҳрат Яхшимуродов дар шаҳри Маскав кушта шуд.

Бино ба маълумоти хабаргузории TopNews24 бо такя ба наздикону шиносҳои марҳум, соҳибкорро дар назди хонааш парронидаанд. Дар бораи ҷузъиёти куштор маълумот дода намешавад.

Хотиррасон мешавад, ки соли 1995 Яхшимуродовро ба куштори ду намояндаи маъруфи олами ҷиноӣ (авторитетҳо) дар Маскав

муттаҳам карда буданд

, вале тахмин шуда буд, ки ҳабси ӯ бештар ангезаи сиёсӣ дорад, зеро он замон ӯ бо мухолифони тоҷик ҳамкорӣ дошт.

Яхшимуродов ба ҳайси менеҷери кулли ширкати Fair Play International-и Лаҳистон (Полша) фаъолият мекард. Қаблан ба сифати ноиби президенти консерни истихроҷ ва коркарди нафту металлҳои рангаи «Тадж-Ал» низ кор кардааст. Дар рӯйхати хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Маскав ҷой дорад.

Соҳибкор ҳамчунин ба варзиш машғул буда, номи ӯ ба рӯйхати панҷгонаи беҳтаринҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ зикр шудааст. Бо таэконддистҳо машқу тамрин мегузаронид ва ҳамчунин ба кикбоксинг низ сарукор дошт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.