Раиси ҲНИТ: Қонунгузории интихоботи Тоҷикистон мухолифи Конститутсия аст

Имрӯз зимни баррасии лоиҳаи тағйирот ба қонун «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» дар палатаи поёнии парлумон раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки чанде аз моддаҳои амалкунандаи қонуни мазкур мухолифи Конститутсия мебошанд. Ба қавли ӯ, тибқи баъзе маълумот, аз шумори умумии 4 млн. 22 ҳазор интихобкунандагони кишвар қариб 1,5 […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз зимни баррасии лоиҳаи тағйирот ба қонун «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» дар палатаи поёнии парлумон раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки чанде аз моддаҳои амалкунандаи қонуни мазкур мухолифи Конститутсия мебошанд.

Ба қавли ӯ, тибқи баъзе маълумот, аз шумори умумии 4 млн. 22 ҳазор интихобкунандагони кишвар қариб 1,5 млн. нафарашон дар муҳоҷират қарор доранд, аммо тибқи меъёрҳои қонун, агар муддати 5 соли охир дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ накарда бошанд, онҳо барои пешбарии номзадии худ ба вакилӣ ҳуқуқ надоранд. «Ин нақзи мустақими Конститутсияи кишвар аст, ки ба ҳамаи шаҳрвандон, ба ҷуз баъзе истисноҳо, интихоб шудан ба вакилӣ дар тамоми сатҳҳоро кафолат медиҳад», – гуфт раиси ҲНИТ.

Муҳиддин Кабирӣ қайд кард, ки дастрасӣ надоштани нозирони маҳаллӣ ба гирифтани нусхаи протоколҳои комиссияҳои интихоботӣ оид ба натиҷаҳои интихобот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мухолиф аст.

Раиси ҲНИТ таъкид намуд, ки ташаббуси кам кардани маблағи гаравпулии интихоботӣ ба ивази 4 ҳазор сомонии кунунӣ то 800 сомонӣ ба хотири назардошти вазъи иқтисодии аксари куллли аҳолии кишвар рӯйи кор омадааст.

Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала вакил аз ҲХДТ Галия Рабиева қайд кард, ки шаҳрвандони тайи 5 соли ахир муқими хориҷи кишвар аз моҳияити рӯйдодҳои ҷумҳурӣ огаҳ набуда, барномаи пешазинтихоботии худро дуруст таҳия карда наметавонанд.

Рабиева зикр кард, ки додани нусхаҳои протоколҳои комиссияҳои интихоботии қитъавӣ ба 20 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ғайриимкон аст, зеро ин кор воситаву вақти хеле зиёдро тақозо мекунад. «Ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ шомил кардани намояндагони тамоми аҳзоби сиёсӣ ҳуқуқи аҳзоби сиёсии камшумори кишварро поймол мекунад», – афзуд Г.Рабиева.

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов зимни суханронӣ лоиҳаи аз ҷониби намояндагони ҲНИТ пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, изҳор кард, ки ҲКТ дар тамоми минтақаҳои кишвар бахшҳо дорад. «Чаро мо бояд интизор шавем, ки кай аҳзоби сершумор дар тамоми минтақаҳо бахшҳои худро таъсис диҳанд», – бо савол муроҷиат кард Шабдолов.

Дар идома ӯ зикр кард, ки масъалаи дар интихобот ҳуқуқи раъйдиҳӣ доштани муҳоҷирон ва дар ҳамин ҳол, аз ҳуқуқи пешбарии номзадиашон ба вакилӣ маҳрум будани онҳо ғайримантиқӣ аст.

Вакил аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров пешниҳод кард, ки дар оянда комиссияҳои интихоботии қитъавӣ аз ҳисоби шаҳрвандони ғайриҳизбӣ ташкил карда шаванд.

Вакили парлумон аз ҲДТ Суҳроб Шарифов дар ин робита чунин изҳори андеша намуд: «Агар кӯшиши қабули суперқонунҳо дар Тоҷикистон тақвият ёбад, дар натиҷа мо мисли Гурҷистон ё Украина мешавем».

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳров қайд кард, ки дар тамоми кишварҳое, ки дар онҳо тавсияҳои Дафтари САҲА оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) дақиқан иҷро мешаванд, «на ҳамеша ба демократияву оромӣ даст меёбанд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.