Ҷаласаи комиссияи муштарак оид ба нақлиёти Тоҷикистону Белорус

Аввали ҳафтаи равон зимни ҷаласаи нахустини комиссия оид ба нақлиёти Тоҷикистону Белорус дар Душанбе, ки ба ҳайати он намояндагони Вазоратҳои нақлиёти ҳарду кишвар шомиланд, масъалаҳои ҳамкории минбаъда баррасӣ шуданд. Аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо атрофи масъалаҳои марбут ба созишномаи мавҷудаи байниҳукуматии соли 2000-ум баимзорасида «Дар бораи мухобироти […]

Заррина Эргашева



Аввали ҳафтаи равон зимни ҷаласаи нахустини комиссия оид ба нақлиёти Тоҷикистону Белорус дар Душанбе, ки ба ҳайати он намояндагони Вазоратҳои нақлиёти ҳарду кишвар шомиланд, масъалаҳои ҳамкории минбаъда баррасӣ шуданд.

Аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо атрофи масъалаҳои марбут ба созишномаи мавҷудаи байниҳукуматии соли 2000-ум баимзорасида «Дар бораи мухобироти байнулмилалии автомобилӣ, мусофиркаш ва боркаш миёни Тоҷикистону Белорус» ибрози назар карданд.

«Созишнома бо мақсади осонкунӣ ва танзими ҳамлу нақли автомобилии бору мусофирон миёни ҳарду кишвар ва транзит тариқи қаламрави онҳо дар асоси барорбарҳуқуқӣ ва барои тарафайн судманд ба имзо расидааст», – гуфтанд дар вазорат ва илова намуданд, ки дар анҷоми ҷаласа Протокол ба имзо расид.

Дар Созишномаи мазкур зикр мегардад, ки муқаррароти он ба ҳамлу нақли воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар ва боркаши дар қаламрави яке аз кишварҳо сабтшуда мавриди амал қарор дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.