Русия баҳри рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шимолӣ 1,2 млн. $ маблағ ҷудо кард

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта Русия бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар бораи ҳамкории дарозмуддат созишнома ба имзо расонид. Бино ба маълумоти маркази иттилооти СММ, ҳаҷми пардохтпулии Русия ба ин ташкилоти СММ 1,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Коршиносони Комиссия мазкур бар ин назаранд, ки имзои созишнома бо Русия […]

ASIA-Plus



Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта Русия бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар бораи ҳамкории дарозмуддат созишнома ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти маркази иттилооти СММ, ҳаҷми пардохтпулии Русия ба ин ташкилоти СММ 1,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Коршиносони Комиссия мазкур бар ин назаранд, ки имзои созишнома бо Русия ба рушди устувор дар ин минтақа ва таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои афзалиятноке чун нақлиёт, энергетика, муҳити зист, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва рушди технологияхои иттилоотиву коммуникатсионӣ мусоидат хоҳад кард.

Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Шамшод Ахтар дар ин робита изҳор намудааст, ки муносибатҳои шарикӣ бо Русия барои ташкилот хеле муҳим аст. «Он имкон медиҳад, ки ба амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёс таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, ба сатҳи зиндагии миллионҳо одамон дар минтақа беҳбуд бахшида шавад», – таъкид доштааст Ахтар.

Қобили зикр аст, ки баъд аз Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон Русия сеюмин сарпарасти бузургтарини Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ба шумор меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.