Мулоқоти дипломати тоҷик бо вазири корҳои хориҷии Корея

Чанде қабл дар доираи баргузории иҷлоси ҳаштуми Форуми ҳамкории “Ҷумҳурии Корея-Осиёи Марказӣ”, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея ҷ-би Юн Бёнг-се Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидовро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Н. Зоҳидов ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея номаи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти […]

ASIA-Plus



Чанде қабл дар доираи баргузории иҷлоси ҳаштуми Форуми ҳамкории “Ҷумҳурии Корея-Осиёи Марказӣ”, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея ҷ-би Юн Бёнг-се Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидовро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Н. Зоҳидов ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея номаи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин-ҳе супорид, ки дар он ба сабаби ҳалокати одамони зиёд дар натиҷаи садамаи киштии мусофирбари Корея изҳори ҳамдардӣ карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон манфиатдории амиқи кишварро ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Корея, ҷалби сармоя ва фановариҳои ҷадиди кореягӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон иброз намуд.

Гуфта мешавад, Вазири корҳои хориҷии Корея рағбати раҳбарияти олии кишварашро ба таҳкими робитаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Форуми ҳамкории “Ҷумҳурии Корея-Осиёи Марказӣ” таъйид намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.