Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта Русия бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар бораи ҳамкории дарозмуддат созишнома ба имзо расонид.
Бино ба маълумоти маркази иттилооти СММ, ҳаҷми пардохтпулии Русия ба ин ташкилоти СММ 1,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Коршиносони Комиссия мазкур бар ин назаранд, ки имзои созишнома бо Русия ба рушди устувор дар ин минтақа ва таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои афзалиятноке чун нақлиёт, энергетика, муҳити зист, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва рушди технологияхои иттилоотиву коммуникатсионӣ мусоидат хоҳад кард.
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Шамшод Ахтар дар ин робита изҳор намудааст, ки муносибатҳои шарикӣ бо Русия барои ташкилот хеле муҳим аст. «Он имкон медиҳад, ки ба амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёс таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, ба сатҳи зиндагии миллионҳо одамон дар минтақа беҳбуд бахшида шавад», – таъкид доштааст Ахтар.
Қобили зикр аст, ки баъд аз Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон Русия сеюмин сарпарасти бузургтарини Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ба шумор меравад.



