Сарбоз Шаҳбол Мирзоев дар вилояти Маскав ҷарроҳӣ мешавад

Ҷарроҳии сутунмуҳраи сарбоз Шаҳбол Мирзоевро, ки аз ҷониби фелдшери яке аз қисмҳои низомӣ мавриди лату кӯб қарор гирифта буд, табибони Русия анҷом медиҳанд. Тавре ба Азия-Плюс» падари сарбоз Нуъмон Мирзоев хабар дод, рӯзи 16-уми апрел натиҷаи ташхиси томография ба госпитали низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскав фиристода шуда, табибони Русия хабар додаанд, ки зимни чунин ҷароҳатҳо […]

Мавзуна Абдуллоева



Ҷарроҳии сутунмуҳраи сарбоз Шаҳбол Мирзоевро, ки аз ҷониби фелдшери яке аз қисмҳои низомӣ мавриди лату кӯб қарор гирифта буд, табибони Русия анҷом медиҳанд.

Тавре ба Азия-Плюс» падари сарбоз Нуъмон Мирзоев хабар дод, рӯзи 16-уми апрел натиҷаи ташхиси томография ба госпитали низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскав фиристода шуда, табибони Русия хабар додаанд, ки зимни чунин ҷароҳатҳо ҷарроҳӣ ҳатмӣ аст ва ба анҷоми муваффақонаи он кафолат додаанд. Арзиши пешакии ҷарроҳӣ дар дармонгоҳи Русия беш аз 400 ҳазор рубли русӣ (зиёда аз 11 ҳазор $)-ро ташкил медиҳад, аммо арзиши ниҳоӣ пас аз муоинаи сарбоз маълум мешавад.

«Барои солимии фарзандам ман хонаам дар Аштро фурӯхтам, зеро ба дармонгоҳи Русия ман бояд нахуст як қисмати маблағи ҷарроҳӣ ва сипас баъди анҷоми ҷарроҳӣ маблағи боқимондаро пардохт кунам», – гуфт ӯ ва ба шахсоне, ки аз тақдири Шаҳбол худро канор нагирифта, ба суратҳисоби кушодаи ӯ маблағ мегузаронанд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи табибон аз Эрон барои гузаронидани ҷарроҳии сутунмуҳраи сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми ҳарбии 2026 воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳат бардошта буд, ба Тоҷикистон наомаданд.

Сабаби ба Тоҷикистон наомадани онҳо ба суратҳисоби дармонгоҳи Сино интиқол нагардидани беш аз 56 ҳазор сомонӣ маблағи зарурӣ барои хароҷоти ҷарроҳии сарбоз аз ҷониби қисми низомии 2026 унвон мешавад.

Нарзулло Расулов, муовини сардори ситоди госпитали марказии нерӯҳои мразбонии ҶТ мутмаин аст, ки Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад ва мутаносибан ба интиқоли маблағи пулӣ низ ҳеҷ зарурате нест.

«Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад. Сарбозро 12 нафар профессорон муоина мекунанд ва ба гуфтаи онҳо, осебҳои сутунмуҳра дар қисмати гардан аллакай шифо ёфта истодаанд. Дар саросари дунё ин гуна беморон ҷарроҳӣ намешаванд. Рӯзҳои наздик мо бо гурӯҳи табибон аз Эрон машварат баргузор намуда, ба хулосаи ягона мерасем», – иброз дошт Расулов.

Айни замон Шаҳбол Мирзоев дар бинои 5-уми Маркази миллии тиббӣ  (Қарияи Боло) қарор дорад. Ба гуфтаи падари сарбоз, вазъи солимии Шаҳбол ҳанӯз ҳам умедворкунанда нест. Ӯ пойҳо ва ангуштони дасташро эҳсос накарда ҳаракат карда наметавонад.

Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Чанде қабл як гурӯҳи шаҳрвандони ташаббускори Тоҷикистон ба хотири дастгирии сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев пешниҳод карданд, ки доранд, ки барои анҷом додани ҷарроҳии сутунмӯҳраи сарбоз аз воситаҳои худӣ маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ карда шавад. Рӯзи 17-уми апрел дар «Агроинветсбонк» ба номи сарбоз

суратҳисоб кушода шуда

, хоҳишмандон мувофиқи имкон метавонанд ба он маблағ гузаронанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.