Афзоиши назарраси ҳаҷми бақияи қарзҳо дар бонкҳо

Бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли равон ба таври назаррас афзоиш ёфта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,8 фоиз зиёд шудааст. Бино ба маълумоти хадамаоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ,  ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо ба аввали моҳи апрели соли равон беш аз 8 млрд. сомониро ташкил додааст, ки 3, 2 млрд. […]

ASIA-Plus



Бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли равон ба таври назаррас афзоиш ёфта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,8 фоиз зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти хадамаоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ,  ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо ба аввали моҳи апрели соли равон беш аз 8 млрд. сомониро ташкил додааст, ки 3, 2 млрд. сомониаш қарзҳо бо пули миллӣ ва ҳудуди 4,8 млрд. сомониаш қарзҳо бо асъори хориҷӣ мебошанд.

Ба иттилои манбаъ,  дар ин давра фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 27,06 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,11 фоизи солона баробар шуданд.

Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-марти соли равон бо назардошти баланд будани талабот, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда афзуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,0 зиёд гардидааст. Аз ин маблағ 263,8 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон қарзҳои хурд дода шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 28,6 фоиз зиёд мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.