Пешниҳоди эъломияҳои даромади 95%-и мансабдорон ба мақомоти андоз


Тибқи маълумоти пешакӣ, то имрӯз 95%-и мансабдорони давлатии Тоҷикистон эъломияҳои даромадашонро ба мақомоти андози маҳалли зист пешниҳод намудаанд.

Ба савол дар бораи аз ҷониби вазирон ва роҳбарони мақомоти калидии ҷумҳурӣ супурда шудани эъломияҳояшон, аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ посух доданд, ки қабул ва санҷиши эъломияҳо идома дошта, мутобиқи моддаҳои 90 ва 93-и Кодекси андози ҶТ, мақомоти андоз ба ифшо ва ба маърази ом гузоштани маълумот дар бораи даромадҳои мансабдорон уҳдадор нест.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи феврали соли равон Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ ба қабули эъломияҳои даромади мансабдорон дар шакли электронӣ оғоз кард, то ки ҷараёни пешниҳоди эъломияҳо барои мансабдоронро осонтар созад. Дар Кумита бар ин назаранд, ки соддакунии ҷараёни пешниҳоди эъломияҳо ба иштироки фаъолонаи мансабдорон дар ин раванд ва саривақт супурдани эъдомияҳо мусоидат мекунад.

Бино ба маълумоти Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ, айни замон шумори мансабдорони давлатӣ дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 705 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2012 ба ҷуз 102 нафар бинобар сабабҳои воқеъӣ, дигар ҳамаи мансабдрони давлатӣ эъломияҳо дар бораи даромадашонро пешниҳод намуданд.

Мувофиқи моддаи 8-и Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо коррупсия», моддаи 31-и Қонуни ҶТ «Дар бораи хизматчии давлатӣ» ва моддаи 156-и Кодекси андози ҶТ, мансабдорони давлатӣ уҳдадоранд, ки эъломияҳо дар бораи даромадашонро ба мақомоти дахлдор пешниҳод намоянд.

spot_imgspot_img

Популярное