Узвияти беш аз 100 нафар донишҷӯёни ДМТ ба сафҳои ҲХДТ



Муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта ба 134 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои узвият ба ҳизбро супурд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, зимни мулоқоти Сафар Сафаров бо донишҷӯён зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои афзалиятноки ҲХДТ ба ҷавонон омӯзонидани арзишҳои волои инсонии ниёгону дастовардҳои олами мутамаддин мебошад, зеро дар шароити кунунии ҷаҳони зудтағйирёбанда дар баробари ба ҷавонон талқин намудани эҳсоси худшиносии милливу ғурури ватандорӣ, омўхтани таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ, арзишҳои башарию эҳтироми фарҳанги миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар ниҳояти мулоқот С.Сафаров аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо!»  муттаҳид гарданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 240 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҳамин ҳизбанд.

spot_imgspot_img

Популярное