Сукунати товусҳо дар «Боғи Ирам»-и Душанбе

Дар боғи ботаникии шаҳри Душанбе товусҳо маскан гирифта, айни замон 55 товус атрофи амфитеатри воқеъ дар «Боғи Ирам» сайругушт доранд. Директори боғи ботаникӣ Маҳмадраҳим Юсуфов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки товусҳоро ба боғ як соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд туҳфа кардааст, вале аз ифшои номи ин соҳибкор худдорӣ варзид. «Товусҳо дар қафас нигоҳдорӣ […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар боғи ботаникии шаҳри Душанбе товусҳо маскан гирифта, айни замон 55 товус атрофи амфитеатри воқеъ дар «Боғи Ирам» сайругушт доранд.

Директори боғи ботаникӣ Маҳмадраҳим Юсуфов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки товусҳоро ба боғ як соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд туҳфа кардааст, вале аз ифшои номи ин соҳибкор худдорӣ варзид. «Товусҳо дар қафас нигоҳдорӣ намешаванд ва озодона сайругашт мекунанд. Ду корманди боғ онҳоро нигоҳбуин ва назорат мекунанд», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки имсол ҳам чун солҳои пешин дар «Боғи Ирам» ҷашни гулҳо гузаронида шуда, соли ҷорӣ дар ин боғ ба маблағи умумии 180 ҳазор сомонӣ 182 ҳазор бех 86 навъи гули шинонида шуд, онҳо аз Голландия оварда шуданд. «Ҳама ин гулҳо пурра ба шароити обуҳавои Тоҷикистон мутобиқ шуданд», – итминон дод Юсуфов.

Ба қавли ӯ, дастрасии гули лола «хеле гарон» меафтад. «Соли оянда ҳатман гулҳои лолаи гибридӣ шинонидан зарур аст ва аз ин рӯ, соли оянда мо аз Голландия ду маротиба бештар гули лола хариданием», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.