Идомаи гуфтушуниди Тоҷикистону Корея оид ба ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ



Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар бораи ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Сеул ба мувофиқа расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, созишномаи пешбинишуда дар бораи иртиботи ҳавоӣ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди дурӯза дар шаҳри Душанберо санаи 29-уми апрел сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Исмоил Ҷобиров ва сардори Раёсати авиатсияи Вазорати замин, нақлиёт ва умури баҳрии Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷин Чюла ба имзо расониданд.

«Алҳол сухан сари ифтитоҳи ду хатсайр дар як ҳафта таҳти созишнома дар бораи истифодаи хатсайр аз ҷониби ду ё зиёда аз он ширкатҳои ҳавоӣ меравад. Инҳо кадом ширкатҳо мешаванд, алҳол маълум нест, зеро созишнома то ҳанӯз мувофиқашуда буда, соли ҷорӣ гуфтушунидҳо идома меёбанд», – гуфтанд дар сафорат.

Дар сомонаи расмии Вазорати замин, нақлиёт ва умури баҳрии Кореяи Ҷанубӣ дар ин робита зикр мегардад, ки амалисозии созишнома дар бораи иртиботи ҳавоӣ ба таҳкими ҳамкориҳо миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон, афзоиши шумори сайёҳон ба ҳарду тараф, ҳавасмандии тоҷирон ва беҳбуди сармоягузориҳо мусоидат мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное