Раҳмон мушовири Девони Амири Давлати Кувайтро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон […]

asia+, asia+



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносиботи Тоҷикистону Кувайт, ки тайи ду-се соли охир ба назар мерасад, изҳори хушҳолӣ карда, аз ҷумла иброз дошт: “Ман ба дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи муфид бо Давлати Кувайт хушбинам”.

Доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ низ андешаи Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки Давлати Кувайт ҳам ба рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.

Бо ёдоварӣ аз мулоқоти пурсамари порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, пеш аз ҳама сармоягузории лоиҳаҳои бунёди инфрасохтори нақлиётиву энергетикӣ, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва илму фан густариш меёбад. Аз ҷумла сухан дар бораи бунёди як маҷмааи табобатии мукаммали минтақавӣ, меҳмонхонаҳои хурду бузург дар мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҷудо кардани бурсия (квота) барои интиқоли нафт ба Тоҷикистон ва ташкили коркарди он дар корхонаҳои марбута, тавассути ҷалби сармояи кувайтӣ ба роҳ мондани коркард ва интиқоли оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Кувайт ва дигар мавзӯъҳо меравад.

Ҷониби Кувайт, ҳамчунин ба амалӣ намудани корҳои хайрия, аз ҷумла барои бунёди беморхонаи байналмилалӣ, мактабҳо, кашидани хаттҳои оби нӯшокӣ ба минтақаҳои ниёзманди Тоҷикистон, кумак ба ятимхонаҳо ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.