Баҳси раиси ҲНИТ бо ҳукуматдорон оид ба бозор идома меёбад

Адвокатҳои раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ имрӯз аз болои қарори суди шаҳри Турсунзода аз 21-уми апрели соли 2014 дар бораи мусодираи бозори «Саховат» -и мутааллиқ ба ҳамсари Кабирӣ ба Суди олӣ шикоят бурданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, адвокати раиси ҲНИТ хабар дод. Ёдрас мекунем, ки […]

Аваз Юлдошев



Адвокатҳои раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ имрӯз аз болои қарори суди шаҳри Турсунзода аз 21-уми апрели соли 2014 дар бораи

мусодираи бозори «Саховат»

-и мутааллиқ ба ҳамсари Кабирӣ ба Суди олӣ шикоят бурданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, адвокати раиси ҲНИТ хабар дод.

Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Турсунзода даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро қонеъ сохта, оид ба мусодираи бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзодаи мутааллиқ ба оилаи раиси ҲНИТ ҳалнома содир намуд.

Бо қарори суд, иншооте, ки дар он бозори «Саховат» дар шаҳри Турсунзода воқеъ аст, ба Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷт баргардонида мешавад.

Суд тамоми дархостҳои ҷавобгарон ва нотариусро рад намуда, ҳамчунин онҳоро ба пардохти 36 сомонӣ ба нафъи давлат уҳдадор намуд. Ҳамчунин бо қарори суд давлат ба соҳибмулкони бозор ҳеҷ маблағе пардохт намекунад.

Агентии зиддифасод аз суд тақозо намуда буд, ки бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки муталлиқ ба оилаи Кабирӣ ва хешони ӯ аст, ғайриқонунӣ ва бо нақзи меъёрҳои қонунгузории амалкунанда хусусӣ гардонида шудааст ва бояд ба ихтиёри давлат баргардонида шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.