Маҳдудиятҳои мавсимӣ дар роҳи мошингарди Душанбе – Чанак

Аз 2-юми май дар ҳаракати воистаҳои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе – Чанак маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати Innovative Road Solution (IRS), татбиқи маҳдудиятҳо дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак аз 2-юми майи соли 2014 тариқи санҷиши ҳатмии вазн дар таҷҳизоти вазнченкунӣ, воқеъ дар километри 72-юми роҳи мазкур амалӣ карда мешавад. Дар […]



Аз 2-юми май дар ҳаракати воистаҳои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе – Чанак маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати Innovative Road Solution (IRS), татбиқи маҳдудиятҳо дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак аз 2-юми майи соли 2014 тариқи санҷиши ҳатмии вазн дар таҷҳизоти вазнченкунӣ, воқеъ дар километри 72-юми роҳи мазкур амалӣ карда мешавад.

Дар маълумоти ширкат дар робита ба ин масъала қайд карда мешавад, ки изофабори воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар баробари омилҳои табиӣ яке аз сабабҳои асосии вайроншавии бармаҳали инфрасохтори роҳҳои автомобилгард арзёбӣ мегардад. Бар асари омили мазкур солҳои охир роҳҳои кишвар ба таври нигаронкунанда рӯ ба харобӣ оварда истодаанд. Ҳатто роҳҳои автомобилгарде, ки солҳои наздик таҷдиду барқарор гардидаанд, дубора пеш аз муҳлат рӯ ба харобӣ ниҳодаанд.

Гуфта мешавад, роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак дар қатори роҳҳои таҷдидшуда мебошад, ки дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Баъди гузаштан ба низоми институтсионалию инноватсионии идоракунӣ ҳамакнун роҳи мазкур тамоми фаслҳои сол фаъол буда, гузариши тамоми намуди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла, мошинҳои гаронвазн тавассути он амалӣ мегардад. Тибқи меъёрҳои ҷорӣ сарборӣ ба ҳар як тири меҳвари воситаҳои нақлиёт 10 тонна муқаррар карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак мошинҳои гаронвазне низ ҳаракат мекунанд, ки аз меъёрҳои муқаррагардида якчанд маротиба зиёд изофабор доранд.

Зикр мегардад, ки гарчанде ки пас аз таҷдид муҳлати истифодабарию хизматрасонии қисми рўйпўши роҳ 10-12 сол муайян шуда бошад ҳам, бо гузашти андаке бештар аз се сол баъди барқарорсозӣ, аксари қитъаҳои роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак аллакай таъмирталаб шудаанд. Дар ҳоле, ки ҳамарўза аз ҷониби коргарони роҳи филиал дар самти нигоҳдории роҳ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар қитъаҳои алоҳида фурӯравии сатҳи роҳ, мавҷнокӣ, пайдоиши чуқуриҳо ва тарқишҳо ба амал омадааст.

«Дар ин робита ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаше, ки тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак мегузаранд, расонда мешавад, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум» бо мақсади пешгирии вайроншавии бармаҳали қабати болопўши роҳ маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ карда мешаванд.Тибқи ин маҳдудиятҳо, ҳамасола аз 1 май то 31 август ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10-00 то 20-00 бо сарборӣ ба тири меҳвар ба андозаи на зиёда аз 6 тонна иҷозат дода мешавад. Аз соати 20-00 то 10-00 сарборӣ ба тири меҳвар ба андозаи на зиёда аз 10 тонна иҷозат дода мешавад», – омадааст дар иттилои ширкат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.