Имзои 6 санади ҳамкорӣ дар доираи сафари Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон

Дар нишасти хабарии имрӯза дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бахшида ба сафари расмии президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон зикр гардид, ки дар доираи ин сафар ҳадди ақал 6 санади ҳамкорӣ миёни кишварҳо ба имзо мерасад. Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи маҳз кадом санадҳо ба имзо расидан маълумоти саҳеҳ надоданд, вале зикр карданд, […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар нишасти хабарии имрӯза дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бахшида ба сафари расмии президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон зикр гардид, ки дар доираи ин сафар ҳадди ақал 6 санади ҳамкорӣ миёни кишварҳо ба имзо мерасад.

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи маҳз кадом санадҳо ба имзо расидан маълумоти саҳеҳ надоданд, вале зикр карданд, ки «миёни онҳо изҳороти муштараки сарони ҳарду давлат аз рӯи натиҷаҳои сафар муҳимтар хоҳад буд».

Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, рӯзи 5-уми май президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба Душанбе ташриф оварда нахуст «танҳо ба танҳо» бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад. Сипас гуфтушунидҳои ҳайатҳои ду кишвар дар доираи васеъ барпо мешаванд.

Худи ҳамин рӯз сарвари давлати Туркманистон ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, бо раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ва нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфтушунид анҷом медиҳад.

Рӯзи 6-уми май пас аз боздид аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Ашқобод бармегардад.

Пояи сиёсии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳамчун ду кишвари соҳибистиқлол 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» гузошта шудааст. Моҳи феврали соли 1995 дар Ашқобод Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Дар Душанбе низ Сафорати Туркманистон фаъолият мекунад.

Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон зиёда аз 50 санаде иборат мебошад, ки аз соли 1993 то соли 2012 ба имзо расидаанд. Созишномаҳои имзошуда асоси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз ва гумрук ташкил медиҳанд.

Соли 2013 гардиши савдои байни ду кишвар 119,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ, равғани поки пахта ва семент харидорӣ мекунад. Дар навбати худ, Туркманистон аз Тоҷикистон молҳои ниёзи мардум, алюминий ва маҳсулоти он, инчунин маҳсулоти кишоварзиро ворид мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.