Идомаи гуфтушуниди Тоҷикистону Корея оид ба ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ

Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар бораи ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Сеул ба мувофиқа расиданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, созишномаи пешбинишуда дар бораи иртиботи ҳавоӣ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди дурӯза дар шаҳри Душанберо санаи 29-уми апрел сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Исмоил Ҷобиров ва сардори […]

ASIA-Plus



Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар бораи ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Сеул ба мувофиқа расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, созишномаи пешбинишуда дар бораи иртиботи ҳавоӣ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди дурӯза дар шаҳри Душанберо санаи 29-уми апрел сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Исмоил Ҷобиров ва сардори Раёсати авиатсияи Вазорати замин, нақлиёт ва умури баҳрии Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷин Чюла ба имзо расониданд.

«Алҳол сухан сари ифтитоҳи ду хатсайр дар як ҳафта таҳти созишнома дар бораи истифодаи хатсайр аз ҷониби ду ё зиёда аз он ширкатҳои ҳавоӣ меравад. Инҳо кадом ширкатҳо мешаванд, алҳол маълум нест, зеро созишнома то ҳанӯз мувофиқашуда буда, соли ҷорӣ гуфтушунидҳо идома меёбанд», – гуфтанд дар сафорат.

Дар сомонаи расмии Вазорати замин, нақлиёт ва умури баҳрии Кореяи Ҷанубӣ дар ин робита зикр мегардад, ки амалисозии созишнома дар бораи иртиботи ҳавоӣ ба таҳкими ҳамкориҳо миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон, афзоиши шумори сайёҳон ба ҳарду тараф, ҳавасмандии тоҷирон ва беҳбуди сармоягузориҳо мусоидат мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.