Афтидани як чинори куҳан дар майдони кӯдакон дар маркази пойтахт

Чанде қабл нимаи дуюми рӯз як чинори 20-метраи хушкшуда дар ҳавлии №70-и хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ба замин афтид. Хушбахтона, ин замон назди он касе қарор надошт. Тавре ба «Азия-Плюс» сокинони ин хона хабар доданд, ин дарахт чандест, ки бо садои шикастани танаашу ба замин афтидани шохҳои бузургаш хатарнок будааст. «Дарахти афтида ба қубури таъмини […]

Акмал Маннонов



Чанде қабл нимаи дуюми рӯз як чинори 20-метраи хушкшуда дар ҳавлии №70-и хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ба замин афтид. Хушбахтона, ин замон назди он касе қарор надошт.

Тавре ба «Азия-Плюс» сокинони ин хона хабар доданд, ин дарахт чандест, ки бо садои шикастани танаашу ба замин афтидани шохҳои бузургаш хатарнок будааст. «Дарахти афтида ба қубури таъмини газ зарар расонид, вале тариқи ин қубур кайҳост, ки газ интиқол дода намешавад», – гуфтанд онҳо.

Ба қавли сокинони бино, дар ин майдон то нимаи рӯз кӯдакон бозӣ доштаанд ва бо шунидани овози шикастани дарахту ба замин афтодани он аксари сокинони бино ба берун баромадаанд, вале хадамоти коммуналии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ин ҳодиса алҳол ҳеҷ таваҷҷуҳе зоҳир накардаанд.

Замони ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудан якчанд сокинони кордони бахши хусусӣ дарҳол чӯбу шохҳои афтидаи дарахтро барои ҳезум ҷамъоварӣ доштанд. Сокинони бино аз он дар ташвишанд, ки дар наздикии ҳамин майдон барои кӯдакон боз як дарахти чинори пӯкидаву фарсуда мавҷуд аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.