Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон рӯзи 12-уми май дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаи истифодаи технологияҳои муосир дар маъракаи интихоботи ахири моҳи феврали соли оянда ба палатаи поёнии парлумон семинари серӯза баргузор мекунад.
Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, барои иштирок дар кори семинар беш аз 200 нафар фаъолони ҳизб аз тамоми минтақаҳи кишвар даъват карда шудаанд.
«Ба сифати мураббиёну устодон назди иштирокчиёни семинар ҳуқуқшиносони маъруфи тоҷик, сиёсатшиносон, намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, раҳбарияти ҲХДТ ва кормандони собиқадори мақомоти давлатии кишвар маърӯза ва суханронӣ хоҳанд кард», – зикр кард номбурда.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 240 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҳамин ҳизбанд.
Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҷониби президент на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба анҷом мерасанд, таъин карда мешавад. Маъракаи интихобот ба палатаи болоии парлумон пас аз гузашти 25 рӯзи баъди баргузории интихоботи вакилони палатаи поёнии парлумон баргузор мегардад.



