Фаъолони ҲХДТ истифодаи технологияҳои муосири интихоботиро меомӯзанд

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон рӯзи 12-уми май дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаи истифодаи технологияҳои муосир дар маъракаи интихоботи ахири моҳи феврали соли оянда ба палатаи поёнии парлумон семинари серӯза баргузор мекунад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, барои иштирок дар […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон рӯзи 12-уми май дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаи истифодаи технологияҳои муосир дар маъракаи интихоботи ахири моҳи феврали соли оянда ба палатаи поёнии парлумон семинари серӯза баргузор мекунад.


Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, барои иштирок дар кори семинар беш аз 200 нафар фаъолони ҳизб аз тамоми минтақаҳи кишвар даъват карда шудаанд.

«Ба сифати мураббиёну устодон назди иштирокчиёни семинар ҳуқуқшиносони маъруфи тоҷик, сиёсатшиносон, намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, раҳбарияти ҲХДТ ва кормандони собиқадори мақомоти давлатии кишвар маърӯза ва суханронӣ хоҳанд кард», – зикр кард номбурда.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 240 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҳамин ҳизбанд.

Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҷониби президент на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба анҷом мерасанд, таъин карда мешавад. Маъракаи интихобот ба палатаи болоии парлумон пас аз гузашти 25 рӯзи баъди баргузории интихоботи вакилони палатаи поёнии парлумон баргузор мегардад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.