Тавсияи тақсим накардани фоидаи софи ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» ба саҳҳомон

Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НОБ Сангтӯда-1» санаи 27-уми май дар шаҳри Душанбе Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҷамъиятро барпо мекунад. Тавре дар сомонаи ҷамъият иттилоъ дода мешавад, ба рӯзномаи Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомон масъалаҳои тақсими фоидаву зарар, интихоби аъзои Шӯрои директорон ва Комиссияи тафтишотӣ, тасдиқи ҳисоботи солона ва ҳисоботи солонаи муҳосиботи Ҷамъият барои соли 2013 […]

Заррина Эргашева



Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НОБ Сангтӯда-1» санаи 27-уми май дар шаҳри Душанбе Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҷамъиятро барпо мекунад.

Тавре дар сомонаи ҷамъият иттилоъ дода мешавад, ба рӯзномаи Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомон масъалаҳои тақсими фоидаву зарар, интихоби аъзои Шӯрои директорон ва Комиссияи тафтишотӣ, тасдиқи ҳисоботи солона ва ҳисоботи солонаи муҳосиботи Ҷамъият барои соли 2013 ворид карда шудаанд.

«Дар масъалаи тақсими фоидаву зарар аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 шӯрои директорон ба маҷлиси саҳҳомон тавсия медиҳад, ки дар робита ба таъмин набудан бо воситахои пулӣ фоидаи соф тақсим карда нашавад», – гутфа мешавад дар хабар.

Дар ҷамъият ин тавсияро чунин шарҳ медиҳанд, ки соли 2013 ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» ба шабакаҳои ШСХК «Барқи тоҷик» ҳудуди 2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода, вале ҳамагӣ 52% аз арзиши умумии он пардохта шудааст. Қарзи ШСХК «Барқи тоҷик» ба Ҷамъият ба санаи 1-уми майи соли равон 417,6 млн. сомониро ташкил медиҳад. Сатҳи пардохтпазирии ширкати давлатӣ дар тамоми давраи фаъолияти нерӯгоҳ ҳамагӣ 60% аз арзиши умумии нерӯи интиқолёфтаро ташкил медиҳад.


ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1»

корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.