Таваҷҷуҳи раиси пойтахт ба масъалаи корҳои ободонӣ

Дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, субъектҳои хоҷагидорӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли […]

ASIA-Plus



Дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, субъектҳои хоҷагидорӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа, дар радифи баррасии вусъати тадбирҳо бобати амалисозии барномаҳои тасдиқгардидаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли ҷорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро ба татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҶТ, тавсеаи иқдомоти шаҳрдорӣ дар ҷодаи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омодагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовор аз  Рӯзи Ваҳдат, 23 – солагии соҳибистиқлолии кишвар, 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ ва дигар чорабиниҳои марбута нигаронид.

«Баҳри тақвияти омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе, афзудани дастовардҳои меҳнатию озодагӣ ва ободии ҳар як хонадон ва маҳаллаву шаҳрак раиси пойтахт дастур фармуд, ки шуруъ аз 14 май то 31 августи  соли ҷорӣ ҳар чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа рӯзҳои шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт дар шаҳраку маҳаллаҳо баргузор карда шаванд», – омадааст дар хабари мақомоти шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои марбут ба назорати сифати  оби нӯшокӣ баҳри таъмини амнияти истеъмолии сокинон, вазъи санитарию экологӣ, таъмир ва нигаҳдошти роҳҳо, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, ҳолати татбиқи барномаҳои сохтмонӣ, истифодаи таъинотии моликияти коммуналӣ, иҷроиши буҷету ҷамъоварии андоз низ баррасӣ шуданд.

«Нисбати ғановати бозори истеъмолии шаҳр ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, директорони бозорҳои коммуналӣ ва раисони ноҳияҳоро бобати ҳамкориҳо бо роҳбарони бозорҳои хусусӣ вазифадор намуд, ки  баҳри коҳиш додани болоравии нарх дар бозори истеъмолӣ хариду интиқоли маҳсулоти кишоварзии баҳориро аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои вилояти Хатлон ва тобеи марказ ба бозорҳои зертавозун вусъат бахшанд», – зикр мегардад дар хабари мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.