Ҷаласаи нахусти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону АМА

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим барои иштирок дар ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба шаҳри Абу Забии Амороти Муттаҳидаи Араб сафар намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар доираи ҷаласаи мазкур […]

ASIA-Plus



Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим барои иштирок дар ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба шаҳри Абу Забии Амороти Муттаҳидаи Араб сафар намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар доираи ҷаласаи мазкур масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисодиёт, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, тандурустӣ, маориф ва илм, туризм, фарҳанг ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои ҳасана миёни Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб тайи солҳои охир, бахусус баъди сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар моҳи апрели соли 2007 беш аз пеш вусъати тоза пайдо мекунанд ва дар ин самт пешравиҳои муайян низ ҳосил шудаанд. Ҳануз дар ҳамон вохӯрӣ панҷ шартномаи бағоят муҳим, аз ҷумла оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба имзо расида буд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон дар доираи ҷаласаи Комиссияи мазкур мулоқоту вохуриҳои Раиси Кумита Қодири Қосим бо доираҳои сармоягузории Амороти Муттааҳидаи Араб ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.