Пешгирӣ аз қочоқи 40 тонна семент дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон



– Дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон аз қочоқи 40 тонна семент


пешгирӣ


шуд, – иттилоъ медиҳад «Кабар» бо истинод ба шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.

Гуфта мешавад, чанде қабл хизматчиёни ҳарбии қисми низомии марзбонии Ботканд дар мавзеи Торт-Кочои ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд шаҳрванди қирғизро боздоштаанд, ки бидуни ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ 40 тонна сементро тариқи марзи Қирғизистону Тоҷикистон гузарониданӣ будааст. Арзиши умумии бори барои қочоқ пешбинишуда беш аз 200 ҳазор сомро ташкил додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки пас аз тартиб додани асноди зарурӣ боздоштшуда ва маҳсулоти барои қочоқ пешбинишудаи ӯ ба ихтиёри кормандони Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар вилояти Ботканд супурда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное